Гил шуд ҳарими кӯят аз ашки лолагунам

Гил шуд ҳарими кӯят аз ашки лолагунам,
Бошад ҳанӯз ташна хоки дарат ба хунам.

Аз бори дил тани ман омад чу кӯҳ в-арна
Дар мавҷхези гиря мушкил бувад сукунам.

Зад аз ҳубоб хайма гирди ман оби дида,
Ман бо тани кам аз мӯ он хаймаро сутунам.

Чокам чу дар дил афтад, сӯзан чӣ суду ришта,
К-ин сӯзад, он гудозад аз оташи дарунам.

Гар торҳои мӯям бар тан шавад салосил,
Натвон кашид берун аз вартаи ҷунунам.

Носеҳ, чароғи айшам шуд куштаи дами ту,
То кай ба тарки хубон бар сар дамӣ фусунам.

Мепурсиям, ки, Ҷомӣ, бо дарди ишқ чунӣ?
Ман бехудам, чӣ донам, ҳам худ бигӯ, ки чунам?