Гулбуни айш медамад, соқии гулъизор ку

414

Гулбуни айш медамад, соқии гулъизор ку,
Боди баҳор мевазад, бодаи хушгувор ку?

Ҳар гули нав зи гулрухе ёд ҳамекунад, вале
Гӯши суханшунав куҷо, дидаи эътибор ку?

Маҷлиси базми айшро ғолияи мурод нест,
Эй дами субҳи хушнафас, нофаи зулфи ёр ку?

Ҳуснфурӯшии гулам нест таҳаммул, эй сабо,
Даст задам ба хуни дил, баҳри Худо, нигор ку?

Шамъи саҳаргаҳӣ агар лоф зи орази ту зад,
Хасм забондароз шуд, ханҷари обдор ку?

Гуфт: Магар зи лаъли ман бӯса надорӣ орзу?
Мурдам аз ин ҳавас, вале қудрату ихтиёр ку?

Ҳофиз агарчи дар сухан хозини ганҷи ҳикмат аст,
Аз ғами рӯзгори дун табъи сухангузор ку?