Гул аст он ё суман, ё моҳ, ё рӯй?

629

Гул аст он ё суман, ё моҳ, ё рӯй?
Шаб аст он ё шаба, ё мушк, ё бӯй?

Лабат, донам, ки ёқут асту тан сим,
Намедонам, дилат санг аст, ё рӯй.

Напиндорам, ки дар бустони фирдавс
Бирӯяд чун ту сарве бар лаби ҷӯй.

Чӣ ширинлаб сухангӯӣ, ки оҷиз
Фурӯ мемонад аз васфат сухангӯй.

Ба бӯе алғиёс аз мо барояд,
Ки эй бод, аз куҷо овардӣ ин бӯй?

Ало, эй турки оташрӯи соқӣ,
Ба оби бода ақл аз ман фурӯ шӯй.

Чӣ шаҳрошӯбӣ, эй дилбанди худрой,
Чӣ базмороӣ, эй гулбарги худрӯй.

Чу дар майдони ишқ афтодӣ, эй дил,
Бибояд буданат саргашта чун гӯй.

Дило, гар ошиқӣ, месӯзу месоз,
Тано, гар толибӣ, мепурсу мепӯй.

Дар ин раҳ ҷон бидеҳ, ё тарки мо гир,
Бар ин дар сар бинеҳ ё ғайри мо ҷӯй!

Бадандешон маломат мекунандам,
Ки то чанд эҳтимоли ёри бадхӯй?

Муҳол аст ин ки тарки дӯст ҳаргиз,
Бигӯяд Саъдӣ, эй душман, ту мегӯй!