Гул бе рухи ёр хуш набошад

163

Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад,

Тарфи чаману тавофи бустон
Бе лолаизор хуш набошад.

Рақсидани сарву ҳолати гул
Бе савти ҳазор хуш набошад.

Бо ёри шакарлаби гуландом
Бе бӯсу канор хуш набошад.

Ҳар нақш, ки дасти ақл бандад,
Ҷуз нақши нигор хуш набошад.

Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз,
Аз баҳри нисор хуш набошад.