Гул зад ба боғи субҳдам авранги хусравӣ

Гул зад ба боғи субҳдам авранги хусравӣ,
Бардошт булбул аз чаман оҳанги паҳлавӣ,

Яъне бисоти сабза шуд аз лутфи бод нав,
Аҳди нишотро ту ҳам аз бода деҳ навӣ.

Бо мо намезанад дами лутф он ки табъияст,
Дар лаъли ӯ латофати анфоси Исавӣ.

Гуфтам, ки кай шавам ба дари қурби ту муқим,
Гуфт он замон, ки аз худии худ бадар шавӣ.

Дар ишқ шав алам, ки ба олам намондааст,
Ҷуз қиссаи Аёз зи Маҳмуди Ғазнавӣ.

Кай лаззати калом чашӣ, гарна чун Калим
Бо дӯст як-ду ҳарф бигӯиву бишнавӣ.

Ҷамъияти дил ар талабӣ, санги тафриқа1
Афган ба шишахонаи асбоби дунявӣ.

Маҷмӯаи латоифи Ҷомӣ сафина нест,
Баҳрест пурҷавоҳири асрори маънавӣ.

Табрезро ту Шамси абадпартавию ҳаст
Гуфтори ӯ ба номи ту ашъори Мавлавӣ.


1 Тафриқа – парешонӣ, парокандагӣ.