Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ…
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ…
Ҳеч неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард…
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Гурги даранда гарчи куштанӣ аст,
Беҳтар аз мардуми ситамгор аст.
Аз бади гург растан осон аст…
Зиндагии ғофилон хобу хаёле беш нест,
Ҳайфи авқоте, ки сарфи суҳбати ҷоҳил кунанд.
Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ, дар миён ой.
Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа, бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам.