Гуфтамаш: – Бо лаъли ҷонбахш аз Масеҳо кам наӣ…

Гуфтамаш: – Бо лаъли ҷонбахш аз Масеҳо кам наӣ,
Гуфт: – Дам даркаш, ки ту шоистаи ин дам наӣ.

Гуфтам: – Аз домат раҳоӣ ёбад охир мурғи дил?
Гуфт: – Гӯё воқифи ин ҷаъди хамдархам наӣ.

Чанд нолам, – гуфтам, – аз дасти ту дар олам чу най?
Гуфт: – Рав, менол, пиндорам, ту дар олам наӣ.

Гуфтамаш: – Меборад аз абри ғамат борони дард,
Гуфт: – Чун сабза аз он борон чаро хуррам наӣ?

Гуфтамаш: – Дил чок шуд, пайкон мадор аз вай дареғ,
Гуфт: – Бо захми чунон дархӯрди ин марҳам наӣ.

Гуфтам: – Ар шодам насозӣ, боре аз ғам кам макун!
Гуфт: – Агар инсоф бошад, лоиқи ин ҳам наӣ.

Гуфтам: – Он рози ниҳон бо маҳрамон неҳ дар миён,
Гуфт: – Рав, Ҷомӣ, ки ту ин розро маҳрам наӣ.