Гуфтам, магар ба хоб бибинам хаёли дӯст

98

Гуфтам, магар ба хоб бибинам хаёли дӯст,
Инак, алассабоҳ1 назар бар ҷамоли дӯст.

Мардум ҳилоли ид бидиданду пеши мо
Ид асту онак2, абруи ҳамчун ҳилоли дӯст.

Моро дигар ба сарви баланд илтифот нест
Аз дӯстии қомати боэътидоли дӯст.

З-он бехудам, ки ошиқи содиқ набошадаш
Парвои нафси хештан аз иштиғоли дӯст.

Эй хоб, гирди дидаи Саъдӣ дигар магард,
Ё дида ҷои хоб бувад, ё хаёли дӯст.


1 Бомдодон.
2 Акнун он ҷост.