Гуфтам: – Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб

14

Гуфтам: – Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб.
Гуфт: – Дар дунболи дил раҳ гум кунад мискин ғариб.

Гуфтамаш: –Магзар замоне. Гуфт: – Маъзурам бидор,
Хонапарварде чӣ тоб орад ғами чандин ғариб?

Хуфта бар санҷоби шоҳӣ нозанинеро чӣ ғам,
Гар зи хору хора созад бистару болин ғариб?

Эй ки дар занҷири зулфат ҷои чандин ошност,
Хуш фитод он холи мушкин бар рухи рангин ғариб.

Менамояд акси май дар ранги рӯи маҳвашат
Ҳамчу барги арғавон бар сафҳаи насрин ғариб.

Бас ғариб афтодааст он мӯри хат гирди рухат,
Гарчи набвад дар нигористон хати мушкин ғариб.

Гуфтам: – Эй шоми ғарибон турраи шабранги ту,
Дар саҳаргоҳон ҳазар кун, чун бинолад ин ғариб.

Гуфт: – Ҳофиз, ошноён дар мақоми ҳайратанд,
Дур набвад, гар нишинад хаставу мискин ғариб.