Гуфтанд халоиқ, ки туӣ Юсуфи сонӣ

475

Гуфтанд халоиқ, ки туӣ Юсуфи сонӣ,
Чун нек бидидам, ба ҳақиқат беҳ аз онӣ.

Ширинтар аз онӣ ба шакарханда, ки гӯям,
Эй хусрави хубон, ки ту Ширини замонӣ.

Ташбеҳи даҳонат натавон кард ба ғунча,
Ҳаргиз набувад ғунча бад-ин тангдаҳонӣ.

Сад бор бигуфтӣ, ки диҳам з-он даҳанат ком,
Чун савсани озода чаро ҷумла забонӣ?

Гӯйӣ: «Бидиҳам комату ҷонат наситонам»,
Тарсам, надиҳӣ комаму ҷонам наситонӣ!

Чашми ту хаданг аз сипари ҷон гузаронад,
Бемор кӣ дидаст бад-ин сахткамонӣ?

Чун ашк бияндозияш аз дидаи мардум
Онро, ки даме аз назари хеш биронӣ.