Гуфти олим ба гӯши ҷон бишнав

Гуфти олим ба гӯши ҷон бишнав,
В-ар намонад ба гуфтанаш кирдор.

Ботил аст, он чи муддаӣ гӯяд,
Хуфтаро хуфта кай кунад бедор?!

Мард бояд, ки гирад андар гӯш,
В-ар навишта-ст панд бар девор.