Гуфто: Бурун шудӣ ба тамошои моҳи нав

406

Гуфто: Бурун шудӣ ба тамошои моҳи нав,
Аз моҳи абрувони манат шарм бод, рав!

Умрест, то дилат зи асирони зулфи мост,
Ғофил зи ҳифзи ҷониби ёрони худ машав.

Мафрӯш атри ақл ба ҳиндуи зулфи мо,
К-он ҷо ҳазор нофаи мушкин ба ним ҷав.

Тухми вафову меҳр дар ин куҳна киштзор
Он гаҳ аён шавад, ки расад мавсими дарав.

Соқӣ, биёр бода, ки рамзе бигӯямат
Аз сирри ахтарони куҳансайру моҳи нав.

Шакли ҳилол ҳар сари маҳ медиҳад нишон,
Аз афсари Сиёмаку тарҳи кулоҳи Зав.

Ҳофиз, ҷаноби пири муғон маъмани вафост,
Дарси ҳадиси ишқ бар ӯ хону з-ӯ шунав.