Гӯям сухани шакарнаботат

107

Гӯям сухани шакарнаботат,
Ё қиссаи чашмаи ҳаётат!

Рух бар рухи ман ниҳӣ, бигӯям,
К-аз баҳри чи шоҳ кард мотат?!

Дар хирманат оташе дарандохт,
К-аз хирмани худ диҳад закотат!

Сарсабз кунад чу тарразорат,
То боз харад зи турраҳотат!

Дар оташи ишқ чун Халилӣ,
Хуш бош, ки медиҳад наҷотат!

Ақлат шаби қадр диду сад ид,
К-аз ишқ дарида шуд баротат!

Савганд ба сояи латифат,
Савганд намехурам ба зотат!

Дар зоти ту кай расанд ҷонҳо,
Чун ғарқа шуданд дар сифотат?!

Чун ҷӯй равону соҷидат кард,
То пок кунад зи саййиотат!

Аз ҳар ҷиҳате туро бало дод,
То боз кашад ба беҷиҳотат!

Гуфтӣ, ки хамуш кунам, накардӣ,
Механдад ишқ бар суботат!