Давлати ҷонпарвар аст суҳбати омезгор

296

Давлати ҷонпарвар аст суҳбати омезгор1,
Хилвати бемуддаъӣ – суфраи беинтизор.

Охири аҳди шаб аст аввали субҳ, эй надим,
Субҳи дувум боядат, сар зи гиребон барор.

Дур набошад, ки халқ рӯз тасаввур кунанд,
Гар бинамоӣ ба шаб талъати хуршедвор.

Машъалае барфурӯз, машғалае пеш гир,
То бибаранд аз сарам заҳмати хобу хумор.

Хезу ғанимат шумор ҷунбиши боди рабеъ,
Нолаи мавзуни мурғ, бӯи хуши лолазор.

Барги дарахтони сабз пеши худованди ҳуш
Ҳар варақе дафтарест маърифати кирдгор.

Рӯзи баҳор аст, хез, то ба тамошо равем,
Такя бар айём нест, то дигар ояд баҳор.

Ваъда, ки гуфтӣ шабе бо ту ба рӯз оварам,
Шаб бигузашт аз ҳисоб, рӯз бирафт аз шумор.

Даври ҷавонӣ гузашт мӯи сияҳ песа2 гашт,
Барқи ямонӣ биҷаст, гард бимонд аз савор.

Дафтари фикрат бишӯй, гуфтаи Саъдӣ бигӯй,
Домани гавҳар биёр, бар сари маҷлис бибор!

1 Ҳамсуҳбат.
2 Сиёҳу сафед.