Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт

Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт,
Талхию хушию зишту зебо бигузашт.
Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,
Дар гардани ӯ бимонду бар мо бигузашт.