Дам ба дам аз раҳи дил пайки хаёлаш расадам

596

Дам ба дам аз раҳи дил пайки хаёлаш расадам,
Тобише нав ба нав аз ҳусну ҷамолаш расадам!

Ё Раб, ин бӯйи тараб аз тарафи фирдавс аст
Ё насимест, ки аз рӯзи висолаш расадам?!

Ин зи ишқ аст, ки мағзам зи тараб хира шудаст
Ё ки ҷомест, ки аз хамри ҳалолаш расадам?!

Ё чу бозест, ки аз ишқ ҳамепарронад
Ё кабӯтарбачагон аз пару болаш расадам?!

Саркашон аз тарафи ғайб ба ман меоянд,
В-ин мададҳо ҳама аз лаззати ҳолаш расадам!