Дам зад дил аз сирри ғамат, аз сарзаниш хун кардамаш

Дам зад дил аз сирри ғамат, аз сарзаниш хун кардамаш,
Гарм аз миёни мардумон чун ашк берун кардамаш.

Кардам ақиқин ҳуққае пайдо ба ёди он даҳон,
Ёд омад он дандон маро, пурдурри макнун кардамаш.

Лайлӣ ба хоб аз ман шабе пурсид васли зулфи ту,
Гуфтам мусалсал нуктаҳо, чандонки Маҷнун кардамаш.

Чун хаймаро дидам тиҳӣ аз васлат, ай сарви сиҳӣ,
Ҷӯйе, ки гирди хайма буд, аз гиря Ҷайҳун кардамаш.

Ё Раб, чӣ сахт омад дилат, к-аз баҳри раҳм аҳволи худ
Ҳарчанд афзун гуфтамаш, бераҳмӣ афзун кардамаш.

Захме, ки мори гесуят бар ҷони ман зад, беҳ нашуд,
Гарчи зи афсунхон лабат сад бор афсун кардамаш.

Ҷомӣ, ки бо майхорагон медошт ҳамрангӣ ҳавас,
Ҷоме ду бар вай рехтам, дурроа1 майгун кардамаш.


1 Дурроа – либоси рӯпӯши сӯфиёну шайхон.