Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад

115

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Чу меҳмони хароботӣ, баиззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ хумор орад.

Шаби суҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.

Аморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро, дар дил андозаш, ки бар Маҷнун гузор орад.

Баҳори умр хоҳ, эй дил, в-агарна ин чаман ҳар сол
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад.

Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфаш,
Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад.

Дар ин боғ ар Худо хоҳад, дигар пиронасар Ҳофиз
Нишинад бар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад.