Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест

114

Дардест дарди ишқ, ки ҳечаш табиб нест,
Гар дардманди ишқ бинолад, ғариб нест.

Донанд оқилон, ки маҷонини ишқро
Парвои қавли носиҳу панди адиб нест.

Ҳар к-ӯ шароби ишқ нахурдасту дурди дард,
Он аст, к-аз ҳаёти ҷаҳонаш насиб нест.

Дар мушку уду анбару амсоли таййибот1
Хуштар зи бӯи дӯст дигар ҳеч тиб нест.

Сайд аз каманд агар биҷаҳад, булъаҷаб бувад,
В-арна, чу дар каманд бимирад, аҷиб нест.

Гар дӯст воқиф аст, ки бар ман чӣ меравад,
Бок аз ҷафои душману ҷаври рақиб нест.

Бигрист чашми душмани ман бар ҳадиси ман,
Фазл аз ғариб ҳасту вафо дар қариб2 нест.

Аз ханда гул чунон ба қафо уфтода боз,
К-ӯро хабар зи машғалаи андалеб нест.

Саъдӣ, зи дасти дӯст шикоят куҷо барӣ?
Ҳам сабр бар ҳабиб, ки сабр аз ҳабиб нест.


1 Маводи покизаву хушбӯ.
2 Ошно, наздик.