Дардо, ки асири нангу номем ҳанӯз

Дардо, ки асири нангу номем ҳанӯз,
Дар гуфтушуниди хосу омем ҳанӯз.
Шуд умр тамому нотамомем ҳанӯз,
Сад бор бисӯхтему хомем ҳанӯз.