Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад

152

Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,
Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.

Ҷилвае кард рухат, дид, малак ишқ надошт,
Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар Одам зад.

Ақл мехост, к-аз он шуъла чароғ афрӯзад,
Барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад

Муддаӣ хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,
Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.

Дигарон қуръаи қисмат ҳама бар айш заданд,
Дили ғамдидаи мо буд, ки ҳам бар ғам зад.

Ҷони улвӣ ҳаваси чоҳи занахдони ту дошт,
Даст дар ҳалқаи он зулфи хам андар хам зад.

Ҳофиз он рӯз тарабномаи ишқи ту навишт,
Ки қалам бар сари асбоби дили хуррам зад.