Дар азал ҳар к-ӯ ба файзи давлат арзонӣ бувад

218

Дар азал ҳар к-ӯ ба файзи давлат арзонӣ бувад,
То абад ҷоми муродаш ҳамдами ҷонӣ бувад.

Ман ҳамон соат, ки аз май хостам шуд тавбакор,
Гуфтам: Ин шох ар диҳад боре, пушаймонӣ бувад.

Худ гирифтам, к-афканам саҷҷода чун савсан ба дӯш,
Ҳамчу гул бар хирқа ранги май мусалмонӣ бувад?

Бе чароғи ҷом дар хилват намеёрам нишаст,
З-он ки кунҷи аҳли дил бояд ки нуронӣ бувад.

Ҳиммати олӣ талаб, ҷоми мурассаъ, гӯ, мабош,
Риндро оби инаб ёқути руммонӣ бувад.

Гарчи бесомон намояд кори мо, саҳлаш мабин,
К-андар ин кишвар гадоӣ рашки султонӣ бувад.

Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон суҳбат мадор,
Бадписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.

Маҷлиси унсу баҳору баҳси шеър андар миён,
Настадан ҷоми май аз ҷонон гаронҷонӣ бувад.

Дӣ азизе гуфт: «Ҳофиз мехурад пинҳон шароб»,
Эй азизи ман, гунаҳ он беҳ, ки пинҳонӣ бувад.