Дар аҳди подшоҳи хатобахши ҷурмпӯш

285

Дар аҳди подшоҳи хатобахши ҷурмпӯш
Ҳофиз қаробакаш шуду муфтӣ пиёланӯш.

Сӯфӣ зи кунҷи савмаа бо пойи хум нишаст,
То дид муҳтасиб, ки сабӯ мекашад ба дӯш.

Аҳволи шайху қозию шурбуляҳудашон
Кардам суол субҳдам аз пири майфурӯш,

Гуфто: На гуфтанист сухан, гарчи маҳрамӣ,
Даркаш забону парда нигаҳ дору май бинӯш.

Соқӣ, баҳор мерасаду ваҷҳи май намонд,
Фикре бикун, ки хуни дил омад зи ғам ба ҷӯш.

Ишқ асту муфлисию ҷавонию навбаҳор,
Узрам пазиру ҷурм ба зайли карам бипӯш.

То чанд ҳамчу шамъ забоноварӣ кунӣ,
Парвонаи мурод расид, эй муҳиб, хамӯш!

Эй подшоҳи сурату маънӣ, ба мисли ту
Нодида ҳеч дидаву нашнида ҳеч гӯш.

Чандон бимон, ки хирқаи азрақ кунад қабул
Бахти ҷавонат аз фалаки пири жандапӯш.