Дар базми мо, ки меравад аз нуқлу ҷом баҳс

Дар базми мо, ки меравад аз нуқлу ҷом баҳс,
Ай муҳтасиб, макун зи ҳалолу ҳаром баҳс.

З-он зулфу рух, ки ҳуҷҷати даври тасалсул1 аст,
Бошад миёни аҳли назар субҳу шом баҳс.

З-он моҷаро, ки бода фурӯ рехт аз лабат,
Ҳар дам равад миёни суроҳию ҷом баҳс.

Манъам кунӣ зи рух, ки бигӯ тарки баҳси васл,
То манъ ворид аст, нагардад тамом баҳс.

Бо зоҳиди фасурда магӯ шарҳи сирри ишқ,
Аз нуктаҳои хос макун пеши ом баҳс.

Аз лаъли туст ин ҳама ғавғои мо, бале,
Аз май равад ба маҷлиси мастон мудом баҳс.

Ҷомӣ, ҳадиси лаъли лабаш гӯй, агар кунад
Бо мантиқи ту тӯтии ширинкалом баҳс.

1 Тасалсул – пай дар пай.