Дар боғ чу шуд боди сабо дояи гул

27

Дар боғ чу шуд боди сабо дояи гул,
Барбаст машотавор пирояи гул.
Аз соя ба хуршед агарат ҳаст амон,
Хуршедрухе талаб куну сояи гул.