Дар даври лабат бе маю паймона набошам

Дар даври лабат бе маю паймона набошам,
Аз шавқи ту бе наъраи мастона набошам.

Дар хайли бутон чун ту паричеҳра нигоре,
Худ гӯй, ки чун ошиқи девона набошам.

Ҳар ҷо чу ту шамъе шавад афрӯхта, ҳошо,
К-он ҷо мани дилсӯхта парвона набошам.

Гар доманам уммеди қудуми ту набошад,
Як лаҳза дар ин гӯшаи кошона набошам.

Ташриф наёрӣ суйи ман ҷуз паси умре,
В-он ҳам бувад он рӯз, ки дар хона набошам.

Ганҷӣ туву олам ҳама вайронаи ин ганҷ,
Ҷуз дар талаби ганҷ ба вайрона набошам.

Ҷомӣ, агар он донаи холам назанад роҳ,
Дасти тиҳӣ аз субҳаи1 саддона набошам.


1 Субҳа – тасбеҳ.