Дар диёри Миср агар Юсуфрухе пайдо шавад

Дар диёри Миср агар Юсуфрухе пайдо шавад,
Дар Хуросонам дил аз савдои ӯ шайдо шавад.

В-ар расад ин ҷо хабар , к-афрӯхт шамъе рух ба Шом
Ҷони ман парвонасон аз шавқ нопарво шавад.

Кист ҷуз ман, он к-аз аввал пой дар ғавғо ниҳад,
Чун зи шаҳрошӯб моҳе шаҳр пурғавғо шавад.

Оташ афтад дар ман аз ғайрат, ки чун он ман наям,
Ҳар киро бинам, ки аз ишқи буте расво шавад.

То набошад ғайри ман ошиқ ба олам, кошкӣ,
Дар дилам ғамҳои ишқи ошиқон як ҷо шавад.

Баски гирад дарди ҷӯёии ишқам ҳар шабе,
Ашку оҳи ман замингарду фалакпаймо шавад.

Тангие дорад дили Ҷомӣ бурун аз қайди ишқ,
То нагардад дар сари зулфе гираҳ, кай во шавад!