Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст

45

Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал аст,
Суроҳии майи нобу сафинаи ғазал аст.

Ҷарида рав, ки гузаргоҳи офият танг аст,
Пиёла гир, ки умри азиз бебадал аст.

На ман зи беамалӣ дар ҷаҳон малуламу бас,
Малолати уламо ҳам зи илми беамал аст.

Ба чашми ақл дар ин раҳгузори пурошӯб
Ҷаҳону кори ҷаҳон бесуботу бемаҳал аст.

Бигир турраи маҳчеҳраеву қисса махон,
Ки саъду наҳс зи таъсири Зуҳраву Зуҳал аст.

Дилам умеди фаровон ба васли рӯи ту дошт,
Вале аҷал ба раҳи умр раҳзани амал аст.

Ба ҳеч давр нахоҳанд ёфт ҳушёраш,
Чунин ки Ҳофизи мо масти бодаи азал аст.