Дар ин муддат, ки моро вақт хуш буд

Дар ин муддат, ки моро вақт хуш буд,
Зи ҳиҷрат шашсаду панҷоҳу шаш буд.
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Дар ин рӯзҳо, ки (аз сабаби бо муваффақият анҷом ёфтани таълифи китоби «Гулистон») вақти мо хуш буд, мувофиқи солшумории ҳиҷрӣ соли 656-ум буд. (Аз ин ишораи Саъдӣ маълум мегардад, ки ӯ «Гулистон»-ро тахминан соли 1260 мелодӣ навишта ба охир расонидааст.)

Мақсади мо (аз навиштани китоби «Гулистон») насиҳат, яъне ба роҳи рост ва ба ахлоқи некӯ даъват намудани мардум буд ва мо ин вазифаи худро ба анҷом расонидем ва (дар охир) ҳамаи шуморо ба Худованди бузургвор супоридем. (Зеро барои ба роҳи рост рафтани инсон фақат хондану шунидани насиҳат кофӣ набуда, ҳамчунин, кӯшиши худи ӯ ва ҳидоят шудани ӯ аз тарафи Худованд низ зарур аст.)