Дар ин ҷӯ дил чу дӯлоби хароб аст

100

Дар ин ҷӯ дил чу дӯлоби хароб аст,
Ки ҳар сӯйе, ки гардад, пешаш об аст!

Вагар ту пушт сӯйи об дорӣ,
Ба пеши рӯт об андар шитоб аст!

Чу гуна ҷон барад соя зи хуршед,
Ки ҷони ӯ ба дасти офтоб аст?!

Агар соя кунад гардандарозӣ,
Рухи хуршед он дам дар ниқоб аст!

Зиҳӣ хуршед, к-ин хуршед пешаш
Чу симоб аз хатар дар изтироб аст!

Чу симоб аст маҳ бар каффи мафлуҷ,
Ба ҷуз як шаб, дигар дар инкисоб аст!

Ба ҳар сӣ шаб ду шаб ҷамъ асту лоғар
Дигар фурқат кашад, фурқат азоб аст!

Агарчи зор гардад, тозарӯй аст,
Заҳукӣ ошиқонро хӯю доб аст!

Зияд хандон, бимирад низ хандон,
Ки сӯйи бахти хандонаш ийоб1 аст!

Хамуш кун, з-он ки офоти басират
Ҳамеша аз суол асту ҷавоб аст!


1 Бозгашт, баргашт.