Дар ишқи накӯён чи фироқу чи висол

Дар ишқи накӯён чи фироқу чи висол,
Бадҳолии ошиқон бувад дар ҳама ҳол.
Гар васл бувад, мудом сӯз асту гудоз,
В-ар ҳаҷр бувад, тамом ранҷ асту малол.