Дар ман ин айб қадим асту бадар менаравад

266

Дар ман ин айб қадим асту бадар менаравад,
Ки маро бе маю маъшуқ ба сар менаравад.

Сабрам аз дӯст мафармою тааннут1 бигузор,
К-ин балоест, ки аз табъи башар менаравад.

Мурғи маълуф, ки бо хонахудо унс гирифт,
Гар ба сангаш бизанӣ, ҷои дигар менаравад.

Аҷаб аз дидаи гирёни манат меояд?
Аҷаб он аст, к-аз ӯ хуни ҷигар менаравад.

Ман аз ин бознаёям, ки гирифтам дар пеш,
Агарам меравад аз пеш, агар менаравад.

Хостам, то назаре бингараму бозоям,
Гуфт: Аз ин кӯчаи мо роҳ бадар менаравад.

Ҷаври маъшуқ чунон нест, ки илзоми2 рақиб,
Гӯӣ, абрест, ки аз пеши қамар менаравад.

То ту манзур ба дид омадӣ, эй фитнаи Порс,
Ҳеч дил нест, ки дунболи назар менаравад.

Захми шамшери ғаматро ба шикебоию ақл
Чанд марҳам биниҳодему асар менаравад.

Тарки дунёву тамошову танаъъум3 гуфтем,
Меҳр муҳрест, ки чун нақши ҳаҷар менаравад.

Мавзиъе дар ҳама офоқ надонам имрӯз,
К-аз ҳадиси ману ҳусни ту хабар менаравад.

Эй ки гуфтӣ, марав андар паи хубон, Саъдӣ,
Чанд гӯӣ? Магас аз пеши шакар менаравад.


1 Хурдагирӣ, сарзаниш.
2 Музоҳиммати ҳамешагӣ.
3 Зиндагии бо нозу неъмат.