Дар ман ин ҳаст, ки сабрам зи накӯрӯён нест

123

Дар ман ин ҳаст, ки сабрам зи накӯрӯён нест,
Аз гулу лола гузир асту зи гулрӯён нест.

Дили гумкарда дар ин шаҳр на ман меҷӯям,
Ҳеч кас нест, ки матлуби маро ҷӯён нест.

Он паризодаи маҳпора, ки дилбанди ман аст,
Кас надонам, ки ба ҷон дар талабаш пӯён нест.

Сорбоно, хабар аз дӯст биёвар, ки маро
Хабар аз душману андешаи бадгӯён нест.

Мард бояд ки ҷафо бинаду миннат дорад,
На бинолад, ки маро тоқати бадхӯён нест.

Айби Саъдӣ макун, эй хоҷа, агар одамиӣ,
К-одамӣ нест, ки майлаш ба парирӯён нест.