Дар намозам хами абрӯи ту бо ёд омад

173

Дар намозам хами абрӯи ту бо ёд омад,
Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад.

Аз ман акнун тамаъи сабру дилу ҳуш мадор,
К-он таҳаммул, ки ту дидӣ, ҳама бар бод омад.

Бода софӣ шуду мурғони чаман маст шуданд,
Мавсими ошиқию кор ба бунёд омад.

Бӯйи беҳбуд зи авзоъи ҷаҳон мешунавам,
Шодӣ овард гулу боди сабо шод омад.

Эй арӯси ҳунар, аз бахт шикоят манамой,
Ҳаҷлаи ҳусн биёрой, ки домод омад.

Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд,
Дилбари мост, ки бо ҳусни худодод омад.

Зери боранд дарахтон, ки тааллуқ доранд,
Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад.

Мутриб, аз гуфтаи Ҳофиз ғазале нағз бихон,
То бигирям, ки зи аҳди тарабам ёд омад.