Дар орзуи бӯсу канорат мурдам

29

Дар орзуи бӯсу канорат мурдам
В-аз ҳасрати лаъли обдорат мурдам,
Қисса накунам дароз, кӯтоҳ кунам,
Боз о, боз о, к-аз интизорат мурдам!