Дар сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз

22

Дар сунбулаш овехтам аз рӯйи ниёз,
Гуфтам: — Мани савдозадаро кор бисоз!
Гуфто, ки: — Лабам бигиру зулфам бигузор,
Дар айши хуш овез, на дар умри дароз.