Дар ҳавоят беқарорам рӯзу шаб

75

Дар ҳавоят беқарорам рӯзу шаб,
Сар зи поят барнадорам рӯзу шаб!

Рӯзу шабро ҳамчу худ Маҷнун кунам,
Рӯзу шабро кай гузорам рӯзу шаб?!

Ҷону дил аз ошиқон мехостанд,
Ҷону дилро месупорам рӯзу шаб!

То наёбам, он чи дар мағзи ман аст,
Як замоне сар нахорам рӯзу шаб!

То ки ишқат мутрибӣ оғоз кард,
Гоҳ чангам, гоҳ торам рӯзу шаб!

Мезанӣ ту захмаву бармеравад
То ба гардун зеру зорам рӯзу шаб!

Соқийӣ, кардӣ башарро чилсабӯҳ,
З-он хамир андар хуморам рӯзу шаб!

Ай миҳори ошиқон дар дасти ту,
Дар миёни ин қаторам рӯзу шаб!

Мекашам мастона борат бехабар,
Ҳамчу уштур зери борам рӯзу шаб!

То бинакшойӣ ба қандат рӯзаам,
То қиёмат рӯза дорам рӯзу шаб!

Чун зи хони фазл рӯза бишканам,
Ид бошад рӯзгорам рӯзу шаб!

Ҷони рӯзу ҷони шаб, ай ҷони ту,
Интизорам, интизорам рӯзу шаб!

То ба соле нестам мавқуфи ид,
Бо маҳи ту идворам рӯзу шаб!

З-он шабе, ки ваъда кардӣ иди васл,
Рӯзу шабро мешуморам рӯзу шаб!

Баски кишти миҳри ҷонам ташна аст,
З-абри дида ашкборам рӯзу шаб!