Даст бар ҳам занад табиби зариф

Даст бар ҳам занад табиби зариф,
Чун ҳариф бинад уфтода ҳариф,

Хоҷа дар банди нақши айвон аст,
Хона аз пойбаст вайрон аст.

Пирмарде зи назъ менолид,
Пирзан сандалаш ҳамемолид.

Чун муҳаббат шуд эътидоли мизоҷ,
На азимат асар кунад, на илоҷ!