Дерест, ки дилдор паёме нафиристод

109

Дерест, ки дилдор паёме нафиристод,
Нанвишт саломею каломе нафиристод.

Сад нома фиристодаму он шоҳи саворон
Пайке надавониду саломе нафиристод.

Сӯи мани ваҳшисифати ақлрамида
Оҳуравише, кабкхироме нафиристод.

Донист, ки хоҳад шуданам мурғи дил аз даст
В-аз он хати чун силсила доме нафиристод.

Фарёд, ки он соқии шаккарлаби сармаст
Донист, ки махмураму ҷоме нафиристод.

Чандон ки задам лофи каромоту мақомот,
Ҳечам хабар аз ҳеч мақоме нафиристод.

Ҳофиз, баадаб бош, ки вохост набошад,
Гар шоҳ паёме ба ғуломе нафиристод.