Дер омадӣ, эй нигори сармаст

41

Дер омадӣ, эй нигори сармаст,
Зудат надиҳем доман аз даст.

Бар оташи ишқат оби тадбир
Чандон ки задем, боз наншаст.

Аз рои ту сар наметавон тофт,
В-аз рӯи ту дар наметавон баст.

Аз пеши ту роҳи рафтанам нест
Чун моҳии уфтода дар шаст.

Савдои1 лаби шакардаҳонон
Бас тавбаи солиҳон, ки бишкаст.

Эй сарви баланди бӯстонӣ
Дар пеши дарахти қоматат паст.

Бечора касе, ки аз ту бибрид,
Осуда тане, ки бо ту пайваст.

Чашмат ба карашма хуни ман рехт,
В-аз қатли хато чӣ ғам хурад маст?

Саъдӣ, зи каманди хубрӯён,
То ҷон дорӣ, наметавон ҷаст.

В-ар сар наниҳӣ дар остонаш,
Дигар чӣ кунӣ, даре дигар ҳаст?


1 Хаёли беҳуда, ҳавас.