Дигар ба куҷо меравад ин сарви хиромон?

454

Дигар ба куҷо меравад ин сарви хиромон?
Чандин дили соҳибназараш даст ба домон.

Мард аст, ки чун шамъ саропои вуҷудаш
Месӯзаду оташ нарасидаст ба хомон.

Хун меравад аз чашми асирони камандаш,
Як бор напурсад, ки киёнанду кадомон.

Гӯ, халқ, бидонед, ки ман ошиқу мастам,
Дар кӯи харобот набошад сару сомон,

Дар пои рақибаш чӣ кунам, гар наниҳам сар?
Муҳтоҷи малик бӯса диҳад дасти ғуломон,

Дил метапад андар бари Саъдӣ чу кабӯтар
З-ин рафтану боз омадани кабкхиромон.

Ё соҳи, мато юрҷаъу навмӣ ва қарорӣ,
Аннӣ ва алал-ошиқи ҳозони ҳаромон.