Дидам, ки яке-ду даста аз сунбули тар

Дидам, ки яке-ду даста аз сунбули тар,
Барбаставу хуш ниҳода дар пеши назар.
Гуфтам, ки бирав, ду зулфи ёрам бинигар,
Барбаста дигар бошаду худруста дигар.