Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст

73

Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст,
Ҳар кӣ моро ин насиҳат мекунад, беҳосил аст.

Ёри зебо гар ҳазорат ваҳшат аз вай дар дил аст,
Бомдодон рӯи ӯ дидан сабоҳи муқбил1 аст.

Он ки дар чоҳи занахдонаш дили бечорагон
Чун малак маҳбус дар зиндони чоҳи Бобил аст.

Пеш аз ин ман даъвии парҳезгорӣ кардаме,
Боз мегӯям, ки ҳар даъво ки кардам, ботил аст.

Заҳр наздики хирадмандон агарчи қотил аст,
Чун зи дасти дӯст мегирӣ, шифои оҷил аст.

Ман қадам берун намеёрам ниҳод аз кӯи дӯст,
Дӯстон, маъзур доредам, ки поям дар гил аст.

Бош, то девона гӯяндам ҳама фарзонагон,
Тарки он натвон гирифтан, то ту гӯӣ оқил аст.

Он ки мегӯяд назар бар сурати хубон хатост,
Ӯ ҳамин сурат ҳамебинад, зи маънӣ ғофил аст.

Сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷон дар маҳмил2 аст,
Чорпоён бор бар пуштанду моро бар дил аст.

Гар ба сад манзил фироқ афтад миёни мову дӯст,
Ҳамчунонаш дар миёни ҷони ширин манзил аст.

Саъдӣ, осон аст бо ҳар кас гирифтан дӯстӣ,
Лек чун пайванд шуд хӯ, боз кардан мушкил аст.


1 Бомдоди неку саодатманд.
2 Ҳавдаҷ, каҷова, ки бар пушти маркаб банданд.