Дида аз халқ бибастам, чу ҷамолаш дидам

594

Дида аз халқ бибастам, чу ҷамолаш дидам,
Масти бахшойиши ӯ гаштаму ҷон бахшидам!

Ҷиҳати муҳри Сулаймон ҳама тан мум шудам,
В-аз пайи нур шудан мум, маро молидам.

Ройи ӯ дидаму ройи кажи худ афкандам,
Нойи ӯ гаштаму ҳам бар лаби ӯ нолидам!

Ӯ ба дасти ману кӯрона ба дасташ ҷустам,
Ман ба дасти вайу аз бехабарон пурсидам!

Содадил будаму ё маст ва ё девона,
Тарс-тарсон зи рази хеш ҳамедуздидам!

Аз раҳи рахна чу дуздон ба рази худ рафтам,
Ҳамчу дуздон суман аз гулшани худ мечидам!

Бас куну рози маро бар сари ангушт мапеч,
Ки ман аз панҷаи печи ту басе печидам!

Шамси Табрез, ки нури маҳу ахтар ҳам аз ӯст,
Гарчи зорам зи ғамаш, ҳамчу ҳилоли идам!