Дидори ту ҳалли мушкилот аст

53

Дидори ту ҳалли мушкилот аст,
Сабр аз ту хилофи мумкинот аст.

Дебочаи сурати бадеъат
Унвони камоли ҳусни зот аст.

Лабҳои ту Хизр агар бидидӣ,
Гуфтӣ: Лаби чашмаи ҳаёт аст.

Бар кӯзаи об неҳ даҳонат,
Бардор, ки кӯзаи набот аст.

Тарсам, ту ба сеҳри ғамза як рӯз
Даъво бикунӣ, ки муъҷизот аст.

Заҳр аз қибали ту нӯшдору,
Фаҳш аз даҳани ту таййибот1 аст.

Чун рӯи ту сурате надидам
Дар шаҳр, ки мубтили салот2 аст.

Аҳди туву тавбаи ман аз ишқ
Мебинаму ҳар ду бесубот аст.

Охир, нигаҳе ба сӯи мо кун,
К-ин давлати ҳуснро закот аст.

Чун ташна бисӯхт дар биёбон,
Чӣ фоида, гар ҷаҳон Фурот аст?!

Саъдӣ ғами нестӣ надорад,
Ҷон додани ошиқон наҷот аст.


1 Суханони поку муназзаҳ.
2 Ботилкунандаи намоз.