Дидӣ, ки вафо ба ҷо наёвардӣ

534

Дидӣ, ки вафо ба ҷо наёвардӣ,
Рафтию хилофи дӯстӣ кардӣ.

Бечорагиям ба чиз нагрифтӣ,
Дармондагиям ба ҳеч нашмурдӣ.

Ман бо ҳама ҷавре аз ту хушнудам,
Ту бе гунаҳе зи ман биёзурдӣ.

Худ кардану ҷурми дӯстон дидан,
Расмест, ки дар ҷаҳон ту овардӣ.

Нозат бибарам, ки нозукандомӣ,
Борат бикашам, ки нозпарвардӣ.

Моро ки ҷароҳат аст, хун ояд,
Дарди ту чинам, ки фориғ аз дардӣ.

Гуфтам, ки нарезам оби рух з-ин беш
Бар хоки дарат, ки хуни ман хурдӣ.

В-ин ишқи ту дар ман офаридастанд,
Ҳаргиз наравад зи заъфарон зардӣ.

Эй зарра, ту дар муқобили хуршед
Бечора чӣ мекунӣ бад-ин хурдӣ?

Дар ҳалқаи корзор ҷон додан
Беҳтар, ки гурехтан ба номардӣ.

Саъдӣ сипар аз ҷафо наяндозад,
Гул бо гияҳ асту соф бо дурдӣ.