Дилам бе ҷамоли ту нуре надорад

Дилам бе ҷамоли ту нуре надорад,
Ҷудо аз висолат суруре надорад.

Бибин лоларо бо ҳама бод дар сар,
Ки пеши ту чандон ғуруре надорад.

Ба май з-он диҳам нақди ҳастӣ, ки ҳар кас
Нашуд ғоиб аз худ, ҳузуре надорад.

Таҷаллиталаб Мӯсии туст ҷонам,
Ки ҷуз кӯҳи андӯҳ Туре надорад.

Ба талхӣ ба сар мебарад умри ширин,
Зи ширин лабат ҳар кӣ шӯре надорад.

Зи рашки ту бустон чунон мотамӣ шуд,
Ки гул гарчи сурист, суре надорад!

Зи худ нол, Ҷомӣ, на аз хубрӯён,
Касе бар ту дар ишқ зӯрӣ надорад.