Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез

266

Дилам рамидаи лӯливашест шӯрангез,
Дурӯғваъдаву қаттолвазъу рангомез.

Фидои пираҳани чоки моҳрӯён бод
Ҳазор ҷомаи тақвову хирқаи парҳез!

Хаёли холи ту бо худ ба хок хоҳам бурд,
Ки то зи холи ту хокам шавад абиромез.

Фаришта ишқ надонад, ки чист, эй соқӣ,
Бихоҳ ҷому гулобе ба хоки Одам рез.

Ғуломи он калимотам, ки оташ ангезад,
На оби сард занад дар сухан бар оташи тез.

Пиёла бар кафанам банд, то саҳаргаҳи ҳашр
Ба май зи дил бибарам ҳавли рӯзи растохез.

Фақиру хаста ба даргоҳат омадам, раҳме,
Ки ҷуз валои туам нест ҳеч дастовез.

Биё, ки ҳотифи майхона дӯш бо ман гуфт,
Ки дар мақоми ризо бош, в-аз қазо магрез.

Миёни ошиқу маъшуқ ҳеч ҳоил нест,
Ту худ ҳиҷоби худӣ, Ҳофиз, аз миён бархез!