Дилам то ишқбоз омад, дар ӯ ҷуз ғам намебинам

426

Дилам то ишқбоз омад, дар ӯ ҷуз ғам намебинам,
Диле беғам куҷо ҷӯям, ки дар олам намебинам.

Даме бо ҳамдаме хуррам зи ҷонам барнамеояд,
Дамам бо ҷон барояд, чунки як ҳамдам намебинам.

Маро розест андар дил, ба хуни дида парварда,
Валекин бо кӣ гӯям роз, чун ҳамдам намебинам?!

Қаноат мекунам бо дард, чун дармон намеёбам,
Таҳаммул мекунам бо захм, чун марҳам намебинам.

Хушову хуррамо он дил, ки ҳаст аз ишқ бегона,
Ки то ман ошно гаштам, дили хуррам намебинам.

Нами чашм обрӯи ман бибурд, азбаски мегирям,
Чаро гирям, к-аз он ҳосил бурун аз нам намебинам?

Кунун дам даркаш, эй Саъдӣ, ки кор аз даст берун шуд,
Ба уммеди даме бо дӯст, в-он дам ҳам намебинам.