Диле ки ошиқу собир бувад, магар санг аст?

71

Диле ки ошиқу собир бувад, магар санг аст?
Зи ишқ то ба сабурӣ ҳазор фарсанг аст.

Бародарони тариқат, насиҳатам макунед,
Ки тавба дар раҳи ишқ обгина1 бар санг аст.

Дигар ба хуфя намебоядам шаробу самоъ2,
Ки некномӣ дар дини ошиқон нанг аст.

Чӣ тарбият шунавам ё чӣ маслиҳат бинам,
Маро ки чашм ба соқию гӯш бар чанг аст?!

Ба ёдгори касе домани насими сабо
Гирифтаему дареғо, ки бод дар чанг аст.

Бахашмрафтаи моро кӣ мебарад пайғом?
Биё, ки мо сипар андохтем, агар ҷанг аст.

Бикуш чунон ки тавонӣ, ки бе мушоҳидаат
Фарохнои ҷаҳон бар вуҷуди мо танг аст.

Маломат аз дили Саъдӣ фурӯ нашӯяд ишқ,
Сиёҳӣ аз ҳабашӣ чун равад, ки худ ранг аст?


1 Шиша.
2 Ҳолате, ки аз ваҷд сӯфиён ба дастафшонию пойкӯбӣ мепардозанд.